ҶАЛИЛОВ Маҳмадалӣ Ҳукуматович, таваллудаш соли 1958, зодгоҳаш деҳаи Дубедаи
ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Соли 1983 шӯъбаи таърихи Университети давлатии ба номи А. А. Жданови ш. Ленинградро хатм намудааст. Солҳои 1983 – 86 афсар-тарҷумони дастгоҳи асосии ҳарбии Армияи Советӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 1986 – 96 журналист, мудири кафедраи таърихи КПСС-и Институти давлатии педагогии ш. Душанбе, аспиранти ҳамин институт, директори биржаи «Сомон»-и ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1996 – 2001 дар дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001 – 20 ба ҳайси сармутахассиси Раёсати робитаҳои байналхалқии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2002 – 04 сармутахассиси шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 ба тариқи шартномавӣ ходими калони илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ буд. Муаллифи 150 мақолаи илмӣ. Бо орденҳои «Барои хизмат ба Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (дараҷаи III), «Ситораи Сурх», медали «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» сарфароз гардидааст. Ба Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Арабистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва давлати Қатар сафарҳои хизматӣ кардааст.