ҲАКИМОВ Мироҷиддин Дӯстмуродович, генерал-майор, таваллудаш 31. 10. 1967, зодгоҳаш
деҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзобод, ҳуқуқшинос, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм. Соли 1989 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Солҳои 1989 – 91 ассистенти кафедраи «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и факултети ҳуқуқшиносӣ, 1991 – 93 аспиранти Университети давлатии Тоҷикистон, 1993 – 94 прокурори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба амнияти дохилию берунӣ ва муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994 – 97 прокурори ҳарбии Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва аз моҳи март то майи 1997 покурори ҳарбии шӯъбаи назорати судии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997 – 2003 муовини сардор ва 2003 – 10 сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Файзобод № 11 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, узви гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бундестаги Германия ва гурӯҳи Парлумонии САҲА мебошад. Бо медали «Ҷасорат» ва унвони «Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.