Акбаров Неъматулло (Неъматуллоҳ Акбар)

Акбаров Неъматулло (Неъматуллоҳ Акбар) (14 январи 1986 – деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод).
Неъматуллои Акбар.jpg
Фориғуттаҳсили факултаи журналитикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003–2008). Стипендиат-коромӯз, сипас корманди шуъбаи реклама ва маркетинги ҶСК «Ориёнбонк» (2005–2010). Роҳбари Иттиҳодияи эҷодии филмҳои мустанади Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» (2010–2013). Сардори шуъбаи методии Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони ш. Душанбе. Аз соли 2015 ба инҷониб муҳаррири пешбари редаксияи фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, варзиш ва туризми Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, ҳамзамон аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ. Таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ва машварати доктор Манучеҳр Муштоқ Хуросонӣ дар мавзӯи «Ҷангафзорҳои тоҷикон дар асрҳои миёна» рисолаи илмии номзадӣ менависад. Неъматулло муаллиф ва ҳамкоргардони 5 филми ҳуҷҷатӣ ва илмию оммавӣ: «Ду дасту як дил» (дар бораи тарҳи муштараки Тоҷикистону Эрон – Неругоҳи «Сангтӯда-2»), «Асри мавҷ» (бахшида ба соли фарҳанги техникӣ), «Ҷилваи ҳусн» (доир ба фарҳанги либоспӯшии тоҷикон), «Махзани илм» (бахшида ба 60 солагии Академияи илмҳои ҶТ), «Тоҷикматлубот: 90 сол» (аз таърихи таъсис ва фаъолияти «Тоҷикматлубот») буда, дар як филми ҳунарӣ низ роли қаҳрамони марказиро иҷро намудааст. Ба ҳунарҳои размӣ ва санъати тасвирӣ алоқаи зиёд дорад. Мақолаҳои илмӣ ва расмҳои кашидаи ӯ дар Донишномаи Миллии Тоҷик нашр шудаанд. Қаҳрамони кёкушинкаи ш. Душанбе (2012) ва Осиёи Марказӣ (2016) мебошад.
 
Верх Низ