Акбар Кенҷаев. 4 марти соли 1983 дар рустои Кенҷаободи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Дар омади гап бояд гуфт, деҳае, ки ӯ зода шудааст номи бобои ӯро дорад. 1 сентябри соли 1990 аввалин маротиба паси мизи мактабӣ нишаст ва соли 2001 мактаби №21-и ноҳияро хатм намуд. Худи ҳамон сол донишҷӯи донишгоҳи техники Тоҷикистон шуд. То як сол қабл аз хатми мактаби миёна мегуфт журналист мешавад, аммо 12 моҳи ахир фикру андешаашро як бора тағир дод ва ҳоло пушаймон нест аз ихтисоси гирифтааш. Соли 2006 донишгоҳро бо ихтисоси инженер-технолог ба итмом расонд. 3 июли соли 2006 дар корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакашию истеҳсолӣ ва банақшагирию меъмории ноҳияи Файзобод ба ҳайси техник-меъмор ба кор шурӯъ кард. Ҳоло бошад, сармутахассиси шӯъбаи меъморӣ аст.