ҲАФИЗОВ Исматулло, таваллудаш 10. 10. 1943, зодгоҳаш деҳаи Бунгакиёни ноҳияи Файзобод. Соли 1960 Техникуми статистикии (омор) ноҳияи Орҷоникидзеобод ва соли 1970 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1962 – 65 дар хизмати харбӣ, 1970 – 74 сарагрономи «Селхозтехника»-и ноҳияи Орҷоникидзебод, 1974 – 79 нозири шӯъбаи ташкилии кумитети ҳизбии ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1979 – 80 директори «Селхозтехника»-и байниноҳиявии ноҳияҳои Орҷоникидзеобод ва Файзобод, 1980 – 84 мудири хоҷагии қишлоқи комитети ҳизбии ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1984 – 86 сардори Раёсати кишоварзӣ,1986 – 89 раиси Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1989 – 93 раиси Комитети иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира ш. Ваҳдат), 1993 – 95 мудири бахши шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1995 – 96 ҷонишини якуми раиси Ассотсиатсияи «Тоҷикселхозхимия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1996 –2009 директори Корхонаи воҳиди давлатии зотпарварии тухмии кирмаки Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 нафақагир. Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш 10 маротиба депутати ноҳиявӣ интихоб шудааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 45», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.