Абдурозиқ

Ман Абдурозиқро мисли шумо дар ҳамин шабакаҳо дидаму мешиносам. Мисли ману шумо як инсон аст ва аз табори мову ҳамхуну ҳамзабони мост.
Мисли мову шумо шахсест соҳибақл ва мехоҳад зиндагӣ кунаду хушбахт бошад.
Абдурозиқ ҷавон аст, ҷавоне, ки дар ин сол хело машҳур гаштааст, ва бо ситораҳои машҳури варзишу синамо шиносоӣ ҳам дорад. Гоҳ дар Дубай аст гоҳ дар Ҳиндустон, гоҳ дар Бритониёи Кабир.
Хуш ба ҳолаш, муарифгари миллати мо гашт Абдурозиқ гоҳо бо либоси миллӣ пеши оинаи аксбардорӣ пайдо мешавад. Чанд забонро ҳам балад аст.
Дар Бритониёи Кабир як тарабхонае ҳам кушодаст. Кош сафи чунин ҷавонони моро зиёд кунад, то дар тамоми гӯшаву канори олам марказҳои тиҷоратӣ ва фароғат, варзишӣ кушоянд, ва миллати моро бо фарҳангу тамаддуни хеш ошноӣ диҳанд ба бошандагони сайёра.
Азизе ин ҷо наворе аз ӯ нашр кард, ки ин ҷавон ба ҳамтабори худ бо як оҳанги хоҳишу илтимос муроҷиат мекунад, ки ӯро дашному тамасхур насозанд, чун ӯ ҳам инсон асту хушбахтӣ мехоҳад новобаста аз қаду басташ. Абдурозиқ мехостааст бо бонуе ҷуфт шавад. Худо ба орзуяш расаду хушбахт шавад бо ҳамсари ояндааш.
Ҳамин одати бухлу ҳасад аз рагу хуни мо ҳич нарафт, ки нарафт. Агар як ҳамиллату ҳамзабони мо соҳиби як пора нон шуд бояд ҳатман чашми бухл ба ӯ дузему забони ғайбат барояш кушоем, то ӯ нонро аз дасташ партояд. Тавони дидани тоҷики худ надорем дар мақоми баланд, дар шӯҳрат дар сарвату пешравиаш. Агар бинем ҳамтабори мо аз зинаи паст майл ба боло рафтан дорад ҳатман бояд пешпо диҳем, то биафтад ва баъд бихандем ба ҳолаш.
Ин қадар дарун аз буғзу кинаву ҳасад пур дорем, ки шодиву фараҳ ва хушбахтӣ наметавонад он ҷо ҷой бигирад
Ба Худо орзу дорам тамоми тоҷик чӣ дар Шарқ аст ё чи дар Ғарб хушбахт бошад. Бигӯзор дар тамоми риштаи варзиш, илму техника, ё тиҷорат пешқадам ва соҳибмақом бошанду парчам ва номи Ватану миллати хеш боло созанд.
Бигузор насли моро на чун муҳоҷири мардикор ва тундраву ифротгаро, (ки имрӯз бархе ВАО ба қалам медиҳанд) балки соҳибкори тавоно, равшанфикр, варзишгар, техники барҷаста, санъаткори нотакрор, нобиғаи давру замон, устои забардаст шиносанд.
Бас кунед бухлу ҳасаду душманӣ варзидан ба ҳамдигаррову бикушед муваффақ шавед ва барои ҳамдину ҳамиллати худ комёбиву бурдбориҳо таманно кунед
Возможно, это изображение 1 человек, ребенок и клубничный дайкири

 
Верх Низ