12.
Зарафшони Хуросон
Мухаммас бар ғазали Сомити Бирҷиндӣ
Бенаворо сангу хоку хор некӯ бистар аст,
Чашми беморони бекас доимо сӯйи дар аст,
Нафси саркаш дар сарири зиндагонӣ аждар аст,
«Мояи аслу насаб дар гардиши даврон зар аст,
Муттасил хун мехӯрад теғе, ки соҳибҷавҳар аст».
Зулми золим мешавад дар чоҳи ҳасрат сарнагун,
Давраи ғам бигзарад, ояд хушӣ бар мо фузун,
Хизри роҳи ҳақ шавад бар аҳли олам раҳнамун,
«Оҳану фӯлод аз як кӯра меояд бурун,
Он яке шамшер гардад, дигаре наъли хар аст».
То ба каф орад заре инсон ба ҳар сӯ медавад,
Зиндагӣ ҳамчун магас хуни дили мо меҷабад,
Гирудори ҳастии мо зуд поён мешавад,
«Кураи асб аз наҷобат дар таоқиб меравад,
Кураи хар аз харият пеш-пеши модар аст».
Бахт баргардад, касе аз мо намеҷӯяд нишон,
Номи моро низ н-орад ҳеч фарде дар ҷаҳон,
Мерасад теғи ҷафои дӯстон бар устухон,
«Шоҳ агар муфлис шавад, қурбе надорад дар ҷаҳон,
Ахмақу нодон шуморандаш агар Искандар аст».
Кист аз беҳудагӯйӣ хешро расво накард?
Кист боре дар ҷаҳон рӯ ҷониби саҳбо накард?
Кист ишқи ёрро дар синаи худ ҷо накард?
«Кокул аз болонишинӣ рутбае пайдо накард,
Зулф аз афтодагӣ ҳамсони мушку анбар аст».
Бевафое кори некӯят набинад, айб нест,
Гул зи дашти орзуи ту начинад, айб нест,
Дар миёни халқ таъни ту гузинад, айб нест,
«Нокасе гар аз касе боло нишинад, айб нест,
Ҷойи чашм абрӯ нагирад, гарчи ӯ болотар аст».
Тобиши хуршеди олам дар баёни шуъла нест,
Хандаи зебои гул андар лабони шуъла нест,
Ғайри хокистар дар ин олам нишони шуъла нест,
«Дуд агар боло нишинад, касри шони шуъла нест,
Рӯйи дарё хас нишинад, қаъри дарё гавҳар аст».
Сабзаю гул медамад аз хоки тар фасли баҳор,
Кам нагардад эътибори фарди соҳибэътибор,
Оқилон ҳаргиз намегарданд асири рӯзгор,
«Сабза помол аст дар зери дарахти мевадор,
Гарчи ин сабз асту зебо, лек он ширинтар аст».
Ҷоҳилон дар зиндагӣ чанде сутургӣ мекунанд,
То ба кай ёрон ба зидди хеш гургӣ мекунанд?
Бевафоӣ мекунанд, оҳанги туркӣ мекунанд,
«Шасту шоҳид ҳарду даъвии бузургӣ мекунанд,
Пас чаро ангушти кӯчак лоиқи ангуштар аст?!»
Аҳли дил дилро ғуломи аҳди ҷонон мекунанд,
Корҳо дар зиндагӣ монанди борон мекунанд,
Илтифоту меҳр дар дунё фаровон мекунанд,
«Шеърсозон ҷон фидои шеърхонон мекунанд,
Духтари ҳар кас ваҷеҳ афтод, муфти шавҳар аст».
Қадри худ нашносад андар зиндагӣ дилхорае,
Борро боло набардорад нахи якторае,
Зиндагиро соз дилкаш ҳамчу як фавворае,
«Гар танӯри зиндагӣ шуд сард, набвад чорае,
Хидмати оташ бибояд кард, то ҳезум тар аст».
Зарфишоно, нестам арчанд аз номоварон,
Бастаам эҳром сӯйи каъбаи симинбарон,
Сар фурӯ н-орам ба пойи носипосу бесарон,
«Сомито, айби худатро гӯ, на айби дигарон,
Ҳар кӣ айби худ бигӯяд, аз ҳама болотар аст».